НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд

Июль 14, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба 68 шахси ҳуқуқӣ ва 780 шахси воқеӣ, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатии онҳо зарар расидааст, дар ҳаҷми 1135,1 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин корхона ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Тавре муовини Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Таҳмина Давлатзода изҳор намуд, аз маблағи умумии пардохтшуда 17,7 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1117,4 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои пардохтшуда 51,7 фоиз ба шаҳри Душанбе, 30 фоиз ба вилояти Хатлон, 7,1 фоиз ба вилояти Суғд, 5,9 фоиз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 3,7 фоиз ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1,6 фоиз ба дастгоҳи марказии корхона рост меояд.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ корхона ба буҷети давлатӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 46,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхона дар нимсолаи якуми соли 2026 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ беш аз 119,9 ҳазор адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид