ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон ба захира намудани ғизо барои давраи зимистон таваҷҷуҳи хосса доранд. Онҳо маҳсули аввалини ғизоиро на танҳо барои зимистон, балки ба қадри эҳтиёҷоти солонаи оила то ҳосили оянда захира мекунанд. Дар фасли зимистон организми инсон ба витаминҳо эҳтиёҷ дорад. Дар ин фасл нархи сабзавот ва меваҳои тару тоза дар бозорҳо боло меравад. Ҳамчунин дар ин фасл қисме аз маҳсулотро пайдо кардан душвор мегардад. Бинобар ин мо бояд аз ҳозир маҳсулоти консервашударо захира намоем.
— Давраи тобистону тирамоҳ мавсими захираи маҳсулот ё давраи омодагӣ ба фасли зимистон мебошад. Занони кадбону дар ин давра ба мевахушккунӣ, омода кардани нӯшобаю мураббо ва консервакунонии маҳсулоти кишоварзӣ машғул мегарданд.
Тобистон дар диёри офтобрӯяи мо давраи фаровонии меваю сабзавот мебошад. Ҳоло дар бозорҳои мамлакат олуча, олу, зардолу, себ, шафтолу ва дигар меваю сабзавот хеле фаровон мебошанд. Захира кардани онҳо барои фасли сармо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст, ҳам ба таъмини ғизои солим мусоидат мекунад. Барои безарар ва босифат консерва намудани маҳсулот дар шароити хона чӣ бояд кард?
Тибқи тавсияи мутахассисон, ҳангоми коркард, омода намудан ва нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда занон бояд қоидаҳои санитарию гигиениро ҳатман риоя намоянд. Меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки дар тамоми фасли сол барои организм заруранд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, барои омода намудани консерва аз сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва иллатдошта худдорӣ бояд кард.
Консерваҳо аз меваю сабзавот ва баъзан аз лӯбиёгиҳо омода карда мешаванд. Мураббою нӯшоба, бодирингу помидор, хӯришҳои сабзавотӣ ва дигар маҳсулоти консервашуда дар фасли зимистон дастархонро зебою ғанӣ мегардонанд.
Тарзи тайёр кардани хӯришҳои консервашуда барои зимистон яке аз анъанаҳои оилаҳои тоҷик ба ҳисоб меравад. Инчунин он роҳи беҳтарини нигоҳ доштани витаминҳо ва таъми сабзавоти тобистона аст. Асоси ин кор интихоби сабзавоти хушсифат, риояи меъёри сирко (уксус) ё кислотаи лимӯ барои бехатарӣ ва технологияи коркарди боэътимоди зарфҳо мебошад. Барои нигоҳдории дарозмуддат зарфҳои шишагӣ бояд хуб шуста, безарар гардонида шаванд. Ҳамчунин сарпӯшҳо низ пеш аз истифода бояд безарар гардонида шаванд.
Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд. Дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад.
Ҳангоми омода кардани консерваҳо бояд меъёри намак, шакар ва сирко дуруст риоя карда шавад, зеро ин моддаҳо ба нигоҳдории маҳсулот мусоидат мекунанд.
Барои тайёр кардани шарбат аввал меваҳоро шуста, донак ё тухмашонро ҷудо мекунанд. Баъдан аз онҳо бо дастгоҳ ё ба тариқи ҷӯшонидан шарбат мегиранд. Ба шарбат мувофиқи завқ шакар илова карда мешавад. Ин омехтаро чанд дақиқа меҷӯшонанд ва кафки рӯяшро мегиранд. Шарбати гармро ба бонкаҳои коркардшуда мерезанд ва бо сарпӯш маҳкам мекунанд. Баъд зарфҳоро чаппа карда, бо кӯрпа мепӯшонанд, то оҳиста хунук шаванд.
Инчунин барои тайёр кардани консерва аз бодиринг, помидор, қаланфур ва дигар сабзавот истифода мебаранд. Сабзавотро шуста, мувофиқи андоза бурида, дар бонкаҳо ҷойгир мекунанд. Ба онҳо сирпиёз, бодиён, барги ғор ва мурч илова менамоянд. Баъдан маҳлули намак ва ё сиркои ҷӯшонидаро ба бонкаҳо мерезанд. Пас аз маҳкам кардани сарпӯш бонкаҳоро чаппа нигоҳ медоранд ва бо кӯрпа мепӯшонанд.
Агар зарфи консервашуда сарпӯшаш дамида ва обаш тирагашта бошад, онро истеъмол накунед ва аз он ҳатто начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Инчунин ба хӯришҳои аз боимҷон, бодиринг ва карам, лӯбиёи сабз, лаблабу, занбӯруғ омодашуда аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.
Ба тавсияи мутахассисон, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот дар шароити нокифоя тамиз кунонидани зарфу маҳсулот ва риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм пайдо мегардад.
Дуруст маҳкам кардани зарфҳо ва онҳоро дар ҷойи салқин, хушк ва дур аз нури Офтоб нигоҳ доштан зарур аст. Инчунин онҳоро дар ҷойи гарм нигоҳ доштан мумкин нест. Чунки дар чунин шароит метавонад сифати витаминҳо вайрон шавад.
Бояд консерваҳои сабзавотӣ, нӯшокии мева ё шарбати онро аз ях бастан эмин дошт, чунки он баъдан сифати худро тағйир медиҳад. Агар онҳоро дар ҷойи сернам нигоҳ дорем, сарпӯшҳои онҳо занг зада, ба маҳсулоти даруни он бетаъсир намемонад.
Инчунин тайёр намудани афшураву консерваҳо на танҳо ба сарфаи маблағ мусоидат мекунад, балки имкон медиҳад, ки дар фасли зимистон низ аз меваю сабзавоти табиӣ истифода шуда, организм бо витаминҳои зарурӣ таъмин гардад.
Бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарзи дурусти омодасозӣ метавон маҳсулоти болаззат, хушсифат ва бехатар омода кард. Ин анъана имкон медиҳад, ки дар тамоми фасли зимистон аз таъми меваю сабзавоти тару тоза баҳравар шуда, саломатии аҳли оила нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, омода намудани чунин захираҳо барои ҳар оила кори муфид ва оқилона мебошад.
Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






