10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд

Август 17, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 оилаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки дар натиҷаи офати табиӣ манзилҳои онҳо пурра вайрон гардидааст, соҳиби хонаҳои нав мешаванд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Ба иттилои масъулин, дар айни замон сохтмони хонаҳо тибқи нақша идома дошта, дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида мешавад. Инчунин мумфаршсозии роҳи мошингард байни хонаҳо ва ободонию хуррамгардонии атрофи иншоот бо суръат идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 20 июл бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ дар деҳаи Баррӯшон сел ҷорӣ шуда, ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид. Сел ҳамон рӯз дар деҳаи Деҳрӯшони Ҷамоати деҳоти Назаршоҳ Додихудоев низ ба хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, майдончаи варзишӣ, кӯчаҳо ва роҳравҳо хисорот ворид намуд.

Тибқи маълумот, дар деҳаи Баррӯшон 10 хона пурра, 6 хона қисман ва 14 хона зарари кам  дидааст. Дар деҳаи Деҳрӯшон 4 хона қисман ва 6 хона зарари кам  дидааст. Дар маҷмуъ, аз офати табиӣ 198 нафар зарар дидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд