35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд

Август 27, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию ободкорӣ вусъат ёфта, дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба рушди соҳаи маориф низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар якчанд муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 идома  доранд. Бинои нави муассиса аз ду ошёна ва 15 синфхона иборат буда, бо саҳми сокинон бунёд шуда истодааст.

Ҳамчунин сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 идома дорад. Бинои иловагӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар маҷмуъ дорои 9 синфхона, ошхона ва маҷлисгоҳ мебошад. Муассиса 540 хонандаро дар ду баст фаро мегирад.

Дар деҳоти Чорбоғ сохтмони бинои Маркази саломатӣ бо саҳми соҳибкорон идома дорад. Он аз ду ошёна иборат буда, ба сокинони деҳаи Чорбоғ хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҳамчунин дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан сохтмони меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Солеҳ Азизов идома дорад. Дар назар аст, ки меҳмонхона 46 ҳуҷра, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи кандакориро фаро гирад.

Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан ҷамъоварии ҳосили картошка вусъат мегирад. Дар хоҷагии деҳқонии «Саидмурод»-и Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо истифода аз тухмии серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили хуб рӯёнида шуда, дар айни замон ҷамъоварии картошка идома дорад.

Соли 2026 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан дар 2506 гектар картошка кишт гардидааст. Ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилӣ бароварда мешавад. Дар ин раванд истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 27, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид