35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон

Август 28, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои таърихи навини ҷумҳурӣ марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, ҷустуҷӯ ва созандагӣ мебошад. Дар ин давра Тоҷикистон на танҳо низоми сиёсиву иқтисодии навро ташаккул дод, балки роҳи душвори барқарорсозии иқтисод, бунёди инфрасохтор, рушди истеҳсолот ва пайдо кардани самтҳои нави рушди миллиро тай намуд. Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад».

— Вақте имрӯз аз дастовардҳои иқтисодии мамлакат сухан мегӯем, пеш аз ҳама, бо арқому далелҳои бузург рӯбарӯ мешавем. Миллиардҳо сомонӣ аз маҳсулоти дохилӣ, корхонаҳои нав, неругоҳҳо, роҳҳо, ҷойи нави кор ва афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ… Аммо паси ҳар рақам ва дастовард талоши пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарҷамъӣ ва заҳмати мардум, солҳои пурмашаққати барқарорсозӣ ва талошҳои пайваста барои расидан ба суботи иқтисодӣ қарор мегирад.

Воқеан оғози роҳ осон набуд. Пас аз пошхӯрии низоми шуравӣ робитаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ канда шуданд, фаъолияти бисёр корхонаҳо қатъ гардид ва истеҳсолот ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъро вазнинтар сохт ва дар солҳои аввали истиқлол сатҳи камбизоатӣ ба зиёда аз 80 фоиз расида буд.

Имрӯз вазъ дигар аст. Тоҷикистон дорои иқтидори нави истеҳсолӣ, инфрасохтори рушдёбанда, энергияи “сабз”, корхонаҳои нав ва доираи васеи имконоти соҳибкории хурду миёна мебошад. Соли 2025 Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил дод.

Барои дарки роҳи тайкардаи иқтисоди Тоҷикистон як воқеиятро бояд ҳамеша дар назар дошт, ки рушди устувори иқтисодӣ бе сулҳу субот имконнопазир аст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 барои Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳаёти иқтисодӣ низ гардид. Бо барқарор шудани сулҳу субот имкони аз нав ба роҳ мондани истеҳсолот, фаъол намудани корхонаҳо, сохтмони иншооти инфрасохторӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ ба вуҷуд омад. Иқтисод муҳити устувор мехоҳад. Соҳибкор бояд ба ояндаи фаъолияти худ боварӣ ва корхона бояд имкони истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро дошта бошад.

Иқтисод бо рақамҳо

Яке аз роҳҳои воқеии арзёбии рушди иқтисодӣ муқоисаи нишондиҳандаҳо мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 ММД-и Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид ва рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил кард. Ин нишондиҳанда дар шароите ба даст омадааст, ки соҳаҳои гуногуни иқтисод, аз саноату сохтмон то хизматрасонӣ ва кишоварзӣ дар ташаккули рушди иқтисод саҳм мегузоранд.

Яке аз тағйироти муҳим дар иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир рушди саноат мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бошад, имрӯз ҳадаф ташкили истеҳсолоти рақобатпазир ва коркарди бештари ашёи хом дар дохили мамлакат унвон мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Суръати афзоиши саноат нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоизро ташкил додааст. Дар солҳои 2019-2025 дар мамлакат беш аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст. Танҳо соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Ин рақамҳо воқеан назаррасанд, лекин дар марҳилаи нави саноатикунонӣ танҳо бо шумора наметавон иктифо кард. Масъалаи муҳим ин аст, ки корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд ва маҳсулоти онҳо то чӣ андоза рақобатпазир аст. Барои Тоҷикистон коркарди пахта дар дохили мамлакат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз металл ва маъдан, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти дорои арзиши иловашуда аҳамияти калон дорад. Ҳар қадар ашёи хом дар дохили мамлакат бештар коркард шавад, ҳамон қадар қисми бештари арзиши маҳсулот дар иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Ин раванд ҳамзамон метавонад ба таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойи нави кор мусоидат намояд.

Энергетика — заминаи рушди истеҳсолот

Барои Тоҷикистон рушди иқтисодро бе энергетика тасаввур кардан душвор аст. Барои давлате, ки ҳадафи саноатикунонии босуръатро пеш гирифтааст, неруи барқ заминаи аслии фаъолияти корхонаҳо, самти соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар мамлакат 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург сохта, қариб 1500 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва 50 зеристгоҳи барқӣ таъмиру таҷдид шуданд. Ба рушди соҳа дар маҷмуъ 86 миллиард сомонӣ равона гардида, тақрибан 75 фоизи зерсохтори энергетикии мамлакат навсозӣ шудааст.

Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой аст. Об барои энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод аҳамияти калон дорад. Ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъалаи обро ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил дод. Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Барои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи самараноки об ва рушди энергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.

Кишоварзӣ: аз истеҳсол то коркард

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Қисми зиёди аҳолии мамлакат бо деҳот ва истеҳсолоти кишоварзӣ иртибот дорад. Аз ин рӯ, ҳар тағйирот дар ин соҳа ба зиндагии ҳазорон оила таъсир мерасонад. Соли 2024 арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал 31 миллиарду 769,7 миллион сомониро ташкил дод. Аммо бояд гуфт, ки имрӯз танҳо зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ кофӣ нест. Масъалаи муҳимтар коркарди маҳсулот дар дохили мамлакат мебошад. Масалан, меваи тару тоза як навъи маҳсулот аст, аммо меваи хушк, шарбат, мураббо ё маҳсулоти бастабандишуда метавонад арзиши бештар дошта бошад. Пахта ҳамчун ашёи хом як арзиш дорад, аммо матоъ ё либоси тайёр метавонад арзиши иловагии бештар дошта бошад. Аз ин рӯ, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ метавонад ба пайдо шудани корхонаҳои нав, ҷойи кор, рушди нақлиёт, бастабандӣ ва савдо мусоидат намояд.

Роҳҳо — пайванди иқтисоди маҳаллӣ ва бозор

Давоми 35 соли истиқлол сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо низ ба яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтор табдил ёфт. Барои Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистонӣ ва аз баҳр дур аст, роҳ танҳо воситаи рафтуомад нест, он ягона имкони баромадан ба бозор мебошад. Маҳсулоти деҳқон бояд ба шаҳр расад, корхона бояд ашёи хом дастрас кунад ва маҳсулоти истеҳсолшуда бояд ба дигар минтақаҳо ё берун аз кишвар интиқол дода шавад. Ҳамаи ин бе инфрасохтори муносиби нақлиётӣ душвор аст. Аз ин рӯ, рушди роҳҳо ба рушди иқтисоди минтақаҳо низ таъсир мерасонад. Ҳар қадар маҳалҳо ба бозорҳо осонтар пайваст шаванд, имконияти фаъолияти соҳибкорӣ низ бештар мегардад.

Содирот афзоиш меёбад

Соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 8 миллиарду 328,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин ҳаҷм 2 миллиарду 448,8 миллион доллар ба содирот ва 5 миллиарду 880,1 миллион доллар ба воридот рост омад. Ин рақамҳо масъалаи муҳимеро ба миён мегузоранд, ки Тоҷикистон бояд истеҳсолоти содиротиро бештар намояд. Масъала танҳо ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот марбут нест. Маҳсулоти миллӣ бояд сифати хуб дошта, ба талаботи бозори беруна ҷавобгӯю рақобатпазир бошад. Коркарди пахта, меваю сабзавот, металлҳо, маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониҳои муосир метавонанд дар ин самт имконияти бештар фароҳам оваранд.

Соҳибкорӣ — неруи нави иқтисод

Дар рушди иқтисод нақши соҳибкории хурду миёна низ меафзояд. Махсусан, фаъолияти соҳибкории занон солҳои охир бештар ба назар мерасад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар солҳои 2006-2025 барои дастгирии соҳибкории занон ба маблағи 45 миллиону 460 ҳазор сомонӣ грант ҷудо гардида, 1395 зан аз он баҳра гирифтаанд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо 6833 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Имрӯз дар мамлакат 110 ҳазору 530 соҳибкорзан ба қайд гирифта шудаанд.

Ин рақамҳо танҳо омор нестанд. Дар пасманзари онҳо коргоҳҳо, гармхонаҳо, хоҷагиҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар ташаббусҳое меистанд, ки барои занон ва сокинони маҳал имкони кору даромад фароҳам меоранд.

Мувофиқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои фаъолияти соҳибкорзанон имрӯз гуногунанд. Занон ба дӯзандагӣ, боғдорӣ, таъсиси гармхона, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳиву дигар намудҳои соҳибкорӣ машғуланд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2025 барои идомаи дастгирии фаъолияти соҳибкории занон дар солҳои 2025 — 2030 заминаи нав ва муҳимеро барои дастгирии занони соҳибкор фароҳам овардааст.

…Воқеан, давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон роҳи душвореро тай кард. Аз барқарорсозии иқтисод то бунёди корхонаҳои нав, рушди энергетика, сохтмони роҳу нақлиёт ва густариши соҳибкорӣ ва амсоли ин. Тавре коршиносон мегӯянд, имрӯз вазифаи мутахассисон танҳо бо нигоҳ доштани суръати рушди иқтисод маҳдуд намешавад. Талошҳо бояд ба афзоиши сифат равона шаванд ва дар зимн истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат, зиёд кардани содирот, таъсиси ҷойи кори сердаромад ва истифодаи босамари технологияҳои муосир дар шакли зарурӣ беш аз пеш амалӣ гардад. 35 соли истиқлол нишон дод, ки рушди иқтисодӣ бо сулҳу субот, меҳнати софдилона ва истифодаи дурусти имконот имконпазир аст. Муҳим он аст, ки дастовардҳои имрӯз ба заминаи устувори иқтисоди фардо табдил дода шаванд.

Наима СОЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд