Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд

Август 18, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT», ки 18-19 август дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Дастовардҳои охирин ва мушкилот дар давлатҳои шарикони GLO.ACT аз нуқтаи назари гендерӣ» баргузор мегардад, иштирок дорад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи вохӯрӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода ва муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Бухоризода маъруза намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бо савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумаки зарурӣ ба қурбониёни ин ҷиноят, инчунин тамоюлҳо ва хусусияти савдои одамон дар давлатҳои шарики GLO.ACT мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ мубодилаи таҷриба ва маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, инчунин фароҳам овардани имконият барои ташкили робитаҳои касбӣ байни занони мутахассис дар ин самт мебошад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!