Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Тақвияти тадбирҳо дар самти кам кардани таъсири тағйирёбии нархи маҳсулоти энергетикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ гузаронида шуд.
Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ, ба танзим даровардани нархи он, кам кардани таъсири тағйирёбии нархи маҳсулоти энергетикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
Иштирокчиён оид тадбирҳои андешида барои пешгирии пайомадҳои тағйирёбии нархи маҳсулоти нафтӣ ибрози андеша намуданд.
Дар охири ҷаласа аз рӯйи натиҷаҳои масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






