БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон миллати маърифатпарвару фарҳангсолоре мебошанд, ки дар таърихи тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамоянд. Тоҷикон дар баробари дигар халқҳои тамаддунофар қарор дошта, дар ташаккул ва рушди унсурҳои ҷомеаи мутамаддин нақши бориз доранд. Ин нақши хосса тавассути фарзандони фарзонааш дар таърих сабт гардидааст. Дар ҳар марҳилаи таърихӣ ниёгони тоҷикон дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи инсонӣ ҳамчунин дар такмили низоми идории ҷомеа ҷойгоҳи муносиб доштаанд. Чеҳраҳои мондагори ин миллати куҳанбунёд, ба мисли Куруши Кабир, Канишкаи Кабир, Ардашери Бобакон, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ ба нахустин империяҳои муқтадири ҷаҳонӣ ва низоми мукаммали давлатдорӣ, ки қаламрави васеъро фаро гирифта буданд, асос гузоштаанд.
— Хизмати бузурги онҳо буд, ки новобаста аз муноқишаҳои ҷангӣ, фишори таърих ва тохтутози аҷнабиён тоҷикон ҳамчун миллат боқӣ монданд. Дар ҳар лаҳзаи ҳассоси таърихӣ тоҷикон тавассути абармардони хеш давлатдории худро аз нав эҳё мекарданд. Аммо чархи таърих ба ҳангоми гардиш ба халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон гоҳ ғолибият ва гоҳ нокомӣ меовард. Дар натиҷаи чунин таҳаввулот давлати абарқудрати Сомониён пас аз 180 соли пойдориву шукуҳмандӣ соли 999 аз саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ нопадид гардида, сарнавишташ ба дасти аҷнабиён афтод.
Баъд аз ҳазор сол бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мавқеи давлатдории Сомониёну шуҳрати забони тоҷикӣ эҳё гардид ва имрӯз он дар ҷаҳонишавии тамаддуни тоҷикон ва таъсири ин фарҳанг ба дигарон баръало ба назар мерасад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии хеш дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд».
Рӯ овардан ба таърихи куҳан ва тамаддуни ориёӣ, мавриди омӯзиш қарор додани расму ойинҳо ва суннатҳои гузаштаи ниёгон дар он зоҳир мегардад, ки Сарвари давлат ба шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори нахустин империяи мутамаддини ориёӣ Куруши Кабир таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои гиромидошт ва эҳёи номи ӯ яке аз боғҳои маркази пойтахтро ба номи Куруши Кабир гузоштанд.
Бунёди ин боғи зебо ва гузоштани нимпайкараи асосгузори нахустин империяи мутамаддини ориёӣ Куруши Кабир дар маркази пойтахти кишвар нишонаи гиромидошт ва ифтихори ин шахсияти таърихӣ, ҳамзамон рӯ овардан ба тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни мулоқот бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии муҳоҷирони тоҷик, диаспораҳо ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Москва 21 феврали соли 2008 Пешвои миллат чунин изҳор доштанд: «Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки мо, тоҷикон, аз ҷумлаи миллатҳои дорои таъриху фарҳанги қадимӣ, анъанаву суннатҳои нек ва тамаддуни куҳанбунёд мебошем ва кӯшиш намоед, ки дар баробари тарғиби он шаъну эътиборашро низ нигоҳ доред».
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, алалхусус дар замони ба даст овардани истиқлол бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёву таҷлили анъана ва расму ойинҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба шумор рафта, бо осори гаронбаҳои таърихии худ, фарҳангу маданият, урфу одат, расму ойин ва ҷашнҳои миллӣ аз дигар халқият ба куллӣ фарқ мекунанд.
Маҳз талошҳои пайгирона ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху тамаддуни беш аз 5-ҳазорсола, ҳамзамон осори куҳани аз лиҳози ғояву мазмун бою ғании миллати тоҷик ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ буданд, ки бо ҷалби таърихшиносону бостоншиносон садҳо мавзеъҳои қадимиву таърихии кишвар эҳё ва кашфу навсозӣ карда шуданд. Ҳамзамон номи даҳҳо шахсиятҳои таърихӣ зинда гардонида шуд, ки онҳо шаҳодати яке аз миллатҳои куҳантарини дунё будани тоҷикон мебошанд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба эҳёи таъриху тамаддун боиси он гардид, ки осори қадимии шаҳрҳову маконҳое, ки замоне маркази илму фарҳанг ва тиҷорат буданд ва бо мурури замон фаромӯш гардиданд, аз нав мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гиранд ва наслҳои имрӯзу баъдинаро бо гузаштаи таърихи халқи тоҷик шинос намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои созандаи Сарвари давлат ҷашн гирифтани бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 — солагии бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафиёни олам Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ, ҳамзамон таърихи 5500 — солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент, 3000–солагии шаҳри Ҳисор, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2000-солагии ноҳияи Ховалинг, кашфи шаҳри қадимии Карон дар ноҳияи Дарвоз бо таърихи 4000-солааш ва дигар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон собит намуданд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои дорои фарҳанги бой ва таъриху тамаддуни куҳан мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Саразм яке аз аввалин мавзеъҳои таърихии кишвар мебошад, ки соли 2010 ба рӯйхати осори умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Мақоли хуби халқӣ ҳаст, ки мегӯянд: «касе гузаштаашро фаромӯш мекунад, ояндаашро наметавонад бунёд кунад». Ҳадаф аз эҳёи таърих ва мероси гузаштагон ин ба ҷаҳониён нишон додан ва собит намудани он аст, ки тоҷикон аз қадимтарин мардумони ҷаҳон ба шумор рафта, бо фарҳангу маданият, санъати рассомию меъморӣ, мусиқӣ ҳанӯз дар аҳди қадим ба комёбиҳои назаррас даст ёфтаанд.
Ташаккули давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ ва пайванди қавӣ дорад.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардидани соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз арҷгузории Пешвои миллат ба фарҳангу адабиёт, мероси миллӣ ва шахсиятҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки барои наслҳои имрӯзу фардо боиси ифтихор мебошад.
Дар иртибот ба ин ҳамон сол китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” нашр ва дастраси хонандагон гардид. Ин асар дар фазои таъриху адабиёт ҳамчун ситорае дурахшон аст, ки роҳи моро равшан ва ҳар фарди кишварро ба худшиносии миллӣ ҳидоят менамояд.
Сарвари давлат хуб дарк намуданд, ки омӯзиши таъриху адабиёт, осори олимону мутафаккирони барҷаста ва фарҳанги пурғановати мо, тоҷикон воситаи муоширату муносибати боадабона, ахлоқу одоби ҳамида, истеъдоди волои суханронӣ ва камолоти шахс ба ҳисоб рафта, аз ин лиҳоз ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Соҳибмаърифату бофарҳанг будани мардум нишонаи возеҳи тамаддуни бой ва таърихи куҳан доштани давлату миллат аст.
Аз азал тоҷикон бо хислатҳои хубу писандида, рафтору гуфтори боадабона ва афкору хиради баланди инсонӣ аз дигар халқияту миллатҳо ба куллӣ фарқ карда, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бартарии худро бо хулқу атвори нек ва муносибату муоширати баланд нишон медиҳанд.
Ҷашну маросим ва анъанаҳои миллӣ ҷузъи ҷудонашаванда ва таркибии тамаддуни миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти расму таомул ва таъриху маданияти ҳар давлату миллат мавқеи назаррас доранд.
Бахусус, дар рӯзгори мо, мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик расму ойин ва анъанаҳо мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа онҳо низ такмил ва ташаккул меёбанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва монанди инҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешаванд.
Воқеан ҷашни Наврӯз дар байни дигар ҷашну маросими мардумӣ ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рамзи дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, дурахши Хуршед, ғалабаи рӯшанӣ бар торикӣ ва ғайра шуҳрат ёфта, аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони форснажод мебошад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав баргузор мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Бо иқдоми фарҳангпарварона ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои қадимии миллати тоҷик, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон 18 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар асоси қарорномаи мазкур ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Калимаи «Наврӯз» ҳамчун иди байналмилалӣ аз забони миллатҳои гуногуни олам ва ҳама забонҳои дунё бо ҳамин номи дар камоли маънӣ беназири «Наврӯз» садо медиҳад, ки ин эътирофи мақому манзалати байналмилалӣ доштани ҷашни соли нави ориёиён бо номи «Наврӯз» аст.
Бояд таъкид намуд, ки моҳият ва ҷойгоҳи Наврӯз дар асари безаволи Аблуқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҳамзамон «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигар шоирону нависандагон ба таври возеҳу ҷовидонӣ инъикос гардидааст.
Дигар ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон ҷашнҳои мавсимӣ ба ҳисоб рафта, дар фарҳанги миллати тоҷик бо хусусияти хос аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, рамзи ҷамъоварии ҳосил, фаровонии нозу неъматҳои табиат ва дастранҷи деҳқон мебошад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, Меҳргон ба монанди идҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон дар байни гузаштагони мо маълум ва машҳур будааст. Он дар осори хаттӣ, дар якчанд асарҳо, аз ҷумла дар «Авасто», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ дарҷ гардидааст.
Меҳргон таърихи беш аз 3000-сола дошта, дар замони истиқлол бо иқдоми Пешвои миллат мақоми давлатӣ гирифт. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 он ҳамасола дар оғози фасли тирамоҳ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.
Ба ҳамин монанд ҷашни Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимии мардумони ориётабор ба шумор меравад ва солҳои охир таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст. Моҳият ва мафҳуми ҷашни Сада дар пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ маънидод гардида, он ба охири моҳи январи ҳар сол рост меояд.
Ҷашни Сада ба мисли ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун ҷашни миллӣ анъана ва ойину суннатҳои ниёгонро нигоҳ дошта, то ба имрӯз расидааст.
Ҷашни Тиргон яке аз куҳантарин ойинҳои тобистонаи мардумони ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон аст, ки ба гиромидошти об, борон, ситораи бороновари Тиштар ва фаровонии ҳосил бахшида шудааст. Ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада рамзи пайванди инсон бо табиат, сулҳ ва ваҳдат маҳсуб мешавад.
Азбаски моҳи Тир гармтарин рӯзҳои тобистон буд, мардум барои талаби борон ва қадршиносии неъмати об маросими обпошон мекарданд.
Ниёгони соҳибдавлату соҳибфарҳанги мо дар чор фасли сол ҷашнҳое эҷод карда буданд, ки рамзи пайванди инсону табиатро таҷассум мекарданд. Инҳо Наврӯз дар фасли баҳор, Тиргон дар фасли тобистон, Меҳргон дар фасли тирамоҳ ва Сада дар фасли зимистон мебошанд. Пешвои муаззами миллат барои дар мазҳари эътиқоди мардум бедор кардани ин ҷашнҳои миллӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон созмони фарҳангии байналмилалӣ- ЮНЕСКО «Шашмақом»-ро шоҳкори мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд. Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун «Рӯзи Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин барои ҳифзи мероси қадимӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб “Рӯзи Фалак” дар ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад. Он ҳамасола 10 октябр дар тамоми ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад.
Ба ин монанд боз даҳҳо расму русум, ойин, анъана ва иду ҷашнҳои миллиро метавон ёдовар шуд, ки ҳар яке дар тамаддуни ин миллати қадиму куҳанбунёд ҷойгоҳи махсус доранд.
Бо камоли эътимоду қадрдонӣ ба хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон арҷ гузошта, бояд таъкид намуд, ки барои ҳамчун миллати давлатсолор ва соҳиби тамаддуни оламшумул бори дигар дар оинаи таърих зуҳур кардани миллати тоҷик тарҷумаи китоби муқаддаси мазҳабиамон “Қуръони Карим” бо тафсирҳояш, китоби таърихии “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, достонҳои паҳлавонию қаҳрамонии безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва ба хонадони ҳар сокини Тоҷикистон ройгон ҳадя намудани онҳо иқдоми бузургу таърихии ин шахсияти тамаддунофари миллиамон мебошад.
Боварӣ дорам, ки хонандаони закиву доно, онҳое, ки ба зиндагӣ назари нек доранд, миллат, давлат ва фарҳангу тамаддуни худро дӯст медоранд ва аз мактаби худшиносӣ, сиёсати давлатдорӣ, сулҳофарию созандагӣ, ободкорӣ ва тамаддунофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бохабар ҳастанд, дар ҳифзу пойдории тамаддуни ориёӣ, рушду инкишофи фарҳангу адабиёт ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






