Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Август 17, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз шуд, ки таҷлили ин сана ба рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таъсис ёфтааст, рабт дорад. Кумита давоми 32 сол ҳамчун сохтори муҳими низоми ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат аз ҳолатҳои фавқулода бо такя ба сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро пайваста такмил дода, дар таъмини амнияти аҳолӣ ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Имрӯз кумита дорои инфрасохтори муосири маъмурӣ, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявӣ, таълимию методӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидаи кофтуковӣ ва наҷотдиҳӣ, Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, Хадамоти зиддижола, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ситодҳо ва иншооти ёрирасони қисмҳои ҳарбӣ мебошад.

Дар ин замина Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи иқтидори кадрии кумита таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои омода намудани кадрҳои касбии баландихтисоси соҳа, хусусан фармондеҳони ҷузъу томҳо ва наҷотдиҳандагон дар дохилу хориҷи мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.

Кормандони кумита минбаъд низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва хизмати содиқона ба халқу давлат вазифаҳояшонро иҷро намуда, дар ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва амнияти давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон як зумра кормандони соҳа барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар рушди низоми ҳолатҳои фавқулода бо Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа низ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд