Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Зимни рӯнамоии адабиёти тозанашри кӯдакона намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассисаҳои нашриявӣ, адибону шоирон, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд. Ҳозирин оид ба аҳамияти китобхонӣ, рушди адабиёти кӯдакона ва ҷалби наврасон ба мутолиа ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба табъ расида, то охири сол шумораи китобҳои нашршуда ба 80 номгӯй расонида мешавад.
Дар анҷом ба иштирокдорони ҳамоиш китобҳои тозанашр тақдим гардиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






