Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди низоми тандурустии мамлакат нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола 18 август- дар рӯзи таваллуди шоир, олим, файласуфи тоҷик, табиби барҷастаи олам Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии мамлакат доир мегардад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии мамлакат зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, марҳилаҳои муҳими рушдро тай намуд. Пешвои миллат солимии мардумро боигарии давлат унвон намуда, барои таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, омодасозии мутахассисон, амалӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва таҳкими заминаи моддию техникӣ тамоми имкониятро фароҳам оварданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандони соҳаи тандурустӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳа Сипоснома ва мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






