Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 22 август дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб, дар «Боғи Ирам» рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа баргузор мешаванд.
23 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.
Cокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар ин рӯзҳои бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 6 июн оғоз гардида, то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






