Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз барномаи аҳли фарҳанги ноҳия, намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод намуданд. Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмон фароҳам меоранд.
Cокинон ва меҳмонони пойтахт дар рӯзи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои ин ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6 июн оғоз гардида, то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Рӯшон яке аз зеботарин ва ҷолибтарин минтақаҳои сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ин ноҳия бо Кӯли Сарез, Чапдаркӯл, Учкӯл ва Зароҷкӯл диққати сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакатро ҷалб намудааст. Ноҳия инчунин бо табиати маҳфуз ва урфу одатҳои қадимии худ сайёҳони хориҷиро мафтун мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»
















































Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






