Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи офтобии ноҳияи Ашт ба истеҳсоли неруи барқ оғоз карда, ба шабакаи барқии мамлакат нахустин киловатт-соати барқ интиқол додааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар айни замон марҳилаи аввали неругоҳ ба истифода шуда, давоми соли равон навбатҳои дигари он низ мавриди истифода қарор мегиранд.
Иқтидори умумии неругоҳ 250 МВт буда, пас аз пурра ба кор даромадани он истеҳсоли миёнасолонаи 435 миллион кВт-соат неруи барқ пешбинӣ шудааст.
Ба истифода додани Неругоҳи барқи офтобии ноҳияи Ашт дар баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти энергияи «сабз» ва таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






