Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони фурудгоҳи хати ҳавоии маҳаллии ноҳияи Муъминобод санги асос гузошта шуд. Дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, мақомоти меъморию сохтмонӣ ва хизматрасонии соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигар шахсони саховатпеша иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки фурудгоҳи хати ҳавоии маҳаллии ноҳияи Муъминобод дар масоҳати умумии барои сохтмони он пешбинишуда 230 ҳазор метри мураббаъ ё 23 гектар заминро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат 1 080 метри мураббаъ барои бунёди биною иншоот, 41 337 метри мураббаъ барои роҳу роҳравҳо ва 187 583 метри мураббаъ барои сабзазоркунӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа, дар ҳудуди фурудгоҳ бинои замонавии маъмурӣ бо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои қабулу гусел ва хизматрасонии мусофирон, толори интизорӣ, инчунин дигар иншооти хизматрасонӣ, техникӣ ва ёрирасони ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи авиатсияи гражданӣ бунёд карда мешаванд. Бунёди маҷмааи мазкур ба фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба мусофирон, фаъолияти муназзами хадамоти фурудгоҳ ва таъмини бехатарии парвозҳо равона гардидааст.
Маблағгузории сохтмони иншоот бо саҳми соҳибкорони ватанӣ, буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар манбаъҳо пешбинӣ гардида, тибқи нақша, фурудгоҳ бояд дар муҳлати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шавад.
Бо назардошти талаботи имрӯза дар доираи лоиҳа барқарор ва мутобиқ намудани инфрасохтори парвозӣ ва хизматрасонии фурудгоҳ ба талаботи муосири соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла хати парвозу нишаст, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо ва перрон, аломатгузории аэродромӣ, инчунин ташкили инфрасохтори зарурии хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ пешбинӣ гардидааст.
Бунёди фурудгоҳи хати ҳавоии маҳаллии ноҳияи Муъминобод дар соли 2026, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, идомаи мантиқии раванди созандагию бунёдкорӣ буда, ба ободии диёр, рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, барои рушди устувори минтақаҳо, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Муъминобод бо таърихи куҳан, табиати нотакрор, кӯҳсору водиҳои зебоманзар, ҳавои мусоид ва ёдгориҳои арзишманди таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла мавзеи машҳури «Чилдухтарон» аз минтақаҳои дорои имконияти фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад. Бунёди фурудгоҳи маҳаллӣ метавонад барои муаррифии бештари зарфияти таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия, беҳтар гардидани дастрасии нақлиётӣ ва афзоиши рафтуомади сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Эҳёи фаъолияти фурудгоҳи маҳаллии Муъминобод дар баробари беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ба густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, ҷалби сармоя ва сайёҳон, таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши даромади буҷети маҳаллӣ метавонад мусоидат намояд.
Ҳамзамон ба масъулон барои андешидани тадбирҳои доимӣ барои таъмини фаъолияти мунтазаму устувори фурудгоҳ, бо назардошти талаботи мусофирон ва имконияти мавҷуда ба роҳ мондан ва тадриҷан зиёд намудани шумораи парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани сатҳи муносиби хизматрасонӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Дар анҷом ба масъулон барои бо сифати баланд, риояи талаботи меъморию сохтмонӣ ва санадҳои меъёрии соҳаи авиатсияи гражданӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоридани иншоот супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани фурудгоҳ барои сокинону меҳмонони ноҳияи Муъминобод имконияти нави нақлиётӣ фароҳам гардида, ин иншооти муҳим метавонад ба яке аз омилҳои муассири рушди минбаъдаи иқтисод, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии ноҳия табдил ёбад. Инчунин дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ ҳамчун дастоварди созанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ–35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод сохтмони иншооти дигари ҷашнӣ, аз қабили кӯдакистон, ду муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ ва маркази хизматрасонию савдо идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид






