Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид

Август 18, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 18 август тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иштирок намуданд.

Прокурори генералӣ дар мавзуи «Истиқлол ва масъулияти шаҳрвандӣ дар шароити ҷаҳони муосир» сухан гуфта, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии экстремизму терроризм ва тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо санаи таърихӣ, балки рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихору ватандӯстӣ ва масъулият дар назди Ватан, давлат ва наслҳои оянда мебошад.

Изҳор карда шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот барқарор гардида, давлат аз хатари нобудӣ ва миллат аз парокандашавӣ раҳо ёфт ва мардуми Тоҷикистон дар атрофи идеяи давлатдории миллӣ муттаҳид гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ доир ба корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маълумот пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки ободии Ватан танҳо вазифаи давлат набуда, ҳар шаҳрванд бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободии маҳал, тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонун ва пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузорад.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳозирин ба вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, идомаи ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва пайомадҳои фоҷиабори онҳо ҷалб гардида, зарурати ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои ҳаётан муҳим махсус таъкид карда шуд.

Иброз гардид, ки сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидаанд. Аз ҷумла, 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намуд.


Дар вохӯрӣ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки эҳтиром ва риояи қонун бояд на аз тарси ҷавобгарӣ, балки аз фарҳанг, виҷдон ва масъулияти шаҳрвандӣ сарчашма гирад. Дар ин замина ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди муҳимми ҳифзи қонуният назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро таъмин намуда, фаъолияти худро ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқовимат ба коррупсия, экстремизму терроризм, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими волоияти қонун равона менамоянд.

Масъалаи пешгирии ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ низ аз мавзуи муҳимми вохӯрӣ буд.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои интернетӣ ба мафкураи ҷавонон таъсир расонанд.

Дар ин робита зарур шуморида шуд, ки ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар самти тарбияи ахлоқию ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ тақвият дода шавад.

Прокурори генералӣ зимни муроҷиат ба ҷавонон онҳоро ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар, эҳтироми қонун, падару модар, таъриху фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлол ва саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳия даъват карда шуданд, ки қадри Ватан, сулҳу субот ва давлатдории миллиро донанд, қонунро эҳтиром намоянд, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия кунанд ва нисбат ба сарнавишти ҷомеа бетараф набошанд.

АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид