Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд

Август 18, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеъ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, аз ҷумла бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва татбиқи ташаббусҳои соҳибкорону сокинони ноҳия шинос шуда, дар маросими ба истифода супоридани якчанд иншооти нав иштирок намуд.

Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз Ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазов оғоз гардид. Дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазов корҳои созандагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Дар ин деҳа 9 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ мумфарш гардида, 8 адад купрук ва 4 адад чоҳи амудӣ бунёд шудааст. Ин иқдом дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, осон гардидани рафтуомади аҳолӣ ва беҳтар шудани таъминоти об мусоидат менамоянд.

Дар идомаи сафар ба Сарвазири мамлакат лоиҳаи бунёди майдончаи варзишии замонавӣ муаррифӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки чунин иншоот барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, фароҳам овардани шароити муносиб барои машқу тамрин ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода шаванд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳия идома ёфт. Аз ҷумла дар ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти мазкур бунгоҳи нави тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассиса дорои 5 утоқи корӣ буда, барои 10 нафар ҷойи корӣ муҳайё намудааст.

Бунгоҳ бо тарҳи муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиб ба кормандони соҳаи тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Барои мунтазам бо неруи барқ таъмин буданини иншоот панелҳои офтоби бо иқтидорӣ 6,5 киловатт неруи барқ низ насб карда шудааст.

Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии деҳаи Тосқалъа шинос шуд. Муассиса барои 150 тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, аз 7 синфхона, ҳуҷраҳои хоб, утоқҳои омӯзгорон, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат хоҳад буд.

Ба масъулин ҷиҳати босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон тавсияҳо дода шуд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ҳамин деҳа ва деҳаи Миросор роҳи маҳаллӣ ба масофаи 8 километр пурра мумфарш гардида, ба истифода дода шуд. Иқдоми мазкур бо ташаббус ва саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои беҳтар гардидани рафтуомади аҳолӣ, дастрасӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии деҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар деҳаи Зардолубоғ низ роҳи аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи 4,5 километр мумфарш гардида, ба истифода супорида шуд. Роҳи нав барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт, осон намудани рафтуомади сокинон ва тақвияти робитаи деҳа бо дигар маҳалҳои ноҳия аҳамияти муҳим дорад.

Татбиқи чунин иқдомҳои созанда дар ноҳияи Восеъ ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ мусоидат менамояд.

 

АКС: «Рӯзномаи Хатлон»

Август 18, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд