Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср таҳти унвони «Тоҷикистон: 35 соли Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихӣ» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Миср конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, чорабинӣ аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввали он дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва роҳи тайнамудаи Тоҷикистон то расидан ба мамлакати босубот, пешқадам ва фаъол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бахши дуюми конфронс ба гиромидошти Устувонаи Куруш бахшида шуда, эътирофи он аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун аввалин Эъломияи ҳуқуқи башари ҷаҳон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дастоварди замони истиқлол ва нишонаи нақшофарии фаъоли мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода нақши Пешвои миллатро дар раванди давлатсозӣ, бозгардонидани сулҳу оромиш ба мамлакат ва таъмини пешрафту шукуфоии он шарҳ дода, ҳамзамон хусусияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср













Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд






