Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд

Август 15, 2026 23:38

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ бо пешниҳоди намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳо оғоз гардид. Меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан намуда, бо намунаҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ, мева, маҳсулоти саноатӣ, маҳсули фаъолияти соҳибкорон, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, маҳорати ҳунармандони ноҳия диққати меҳмононро ҷалб намуд. Ҳамчунин намунаҳои гуногуни таомҳои миллӣ, шириниҳо ва маҳсулоти коркарди ватанӣ пешкаши ҳозирин гардиданд.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ минтақаи таърихӣ буда, 25 майи соли 1933 таъсис ёфтааст. Ноҳия  дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст.

Ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи табиӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ буда, мавзеъҳои таърихию истироҳатии он-пиряхҳои Тоҷикистон, Хирсон, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон ва Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо,  толор ва майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ, маҳали зист ва дигар корҳои созандагӣ бо суръат идома дошта, дар арафаи ин ҷашни миллӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 15, 2026 23:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон