Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Гурзондеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин муассиса бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардидааст. Иншооти нав барои қабули 120 кӯдак пешбинӣ шуда, минбаъд фарзандони сокинони деҳаи Гурзондеҳ метавонанд дар муҳити муносибу ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант майдончаи муосири болопӯшидаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Ин иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҷалби соҳибкорон бунёд карда шудааст.
Майдончаи нав метавонад ба макони муҳими варзишӣ ва фароғатии ҷавонони деҳа табдил ёфта, барои ташкили мусобиқаҳои маҳаллӣ, машқу тамринҳои мунтазам ва баланд бардоштани шавқу рағбати наврасон ба футболу дигар намудҳои варзиш мусоидат кунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд






