Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад

Август 31, 2026 16:11

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ—моҳи сентябр ба ҳавои соли 2023 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Моҳи сентябр дар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо то 26 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 20 дараҷа дар назар аст. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо ҳаво аз 12 то 33 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ аз 8 то 24 гарм пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония вазида, дар водиҳо чангу ғубор ва хокбориш ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 22 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо аз 14 то 27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 то 20 дараҷа гармӣ дар назар аст. Инчунин рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 5 то 12 дараҷа мешавад. Миқдори бориш аз меъёри иқлимӣ кам дар назар аст.

Моҳи сентябр дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ гардида, ҳаво 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, аз 6 то 20 дараҷа гармӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 4+8 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 1 то 10 дараҷа сардӣ ва рӯзона аз 7+12 то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 31, 2026 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд