Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад

Август 1, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 29 август дар мамлакат давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давраи мутобиқшавӣ дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат доир мешавад.

Давраи мутобиқшавӣ ба хонандагон чӣ натиҷа медиҳад?

Давраи мутобиқшавӣ (адаптатсия) барои хонандагон раванди мураккаби психологӣ, физиологӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи маориф ин раванд дар аввал бо мақсади мутобиқшавии физиологӣ гузаронида мешавад. Яъне  кӯдак бояд ба реҷаи нави рӯз (барвақт хестан, сари вақт хӯрок хӯрдан) одат кунад. Зеро дар оғози таҳсил  хонандагони синфи якум тез хаста мешаванд.

Таъкид гардид, ки давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум мутобиқшавии иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро  кӯдак бо ҳамсинфони нав шинос мешавад, дӯстон пайдо мекунад ва мавқеи худро дар ҷамъият меёбад. Дар ин давра ба хонанда услуби таълим ва талаботи омӯзгор омӯзонида мешавад.

10 рӯзи таълимӣ имкон медиҳад, ки кӯдакони 7-сола пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба фазои мактабӣ одат кунанд ва бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва тартибу қоидаҳои муассиса шинос шаванд.

Агар кӯдак бо хоҳиши худ ба мактаб равад, дар бораи мактаб ва дӯстонаш бо хурсандӣ нақл кунад ва супоришҳоро мустақилона иҷро мекунад, ин нишонаҳои мутобиқ шудани кӯдак ба сифи якум мебошад.

Волидон чӣ кумак карда метавонанд?

Равоншиносон ба падару модарон ва омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки ба раванди омода намудани кӯдак ба синфи якум ва ҳавасманд сохтани ӯ диққат диҳанд. Зеро вақте кӯдак аввалин маротиба ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ- ин муҳити нав мебошад. Кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсинфон ва тавоноиву таҳаммулпазириро бояд омӯзонид.

Ба иттилои равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қаблан дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.

Падару модар бояд фарзандонро ба мактаб тезтар одат кунонанд, ба дарсҳо шавқманд намоянд ва бо онҳо вақти бештар гузаронанд. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шаванд, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунанд, балки баръакси онро иҷро намоянд. Бояд аз давраи мактабхонии худ ба фарзандон нақл кунанд, то кӯдак ба дарс майлу рағбат пайдо намояд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон имсол беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд. Номнавис гардидани хонандагони синфи якум аз 1 август оғоз мешавад. Имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ метавонад ба синфи якум қабул гардад. Дар ҳолати 1 январи соли 2020 ё баъд аз он таваллуд шудан қабул ба синфи якум танҳо дар соли таҳсили оянда имконпазир хоҳад буд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст