Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст

Август 9, 2026 10:39

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар мамлакат ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ 12 ҳазору 731,9 тоннаро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 11 ҳазору 205,2 тоннаро ташкил медод, 1 ҳазору 526,7 тонна зиёд мебошад.

Афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти ин навъи маҳсулот ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот имконият фароҳам меорад, ки талаботи аҳолӣ бештар аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ қонеъ карда шавад.

Меъёри истеъмоли равған

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, барои инсони калонсол меъёри умумии истеъмоли равған дар як рӯз аз 44 то 78 грамм мебошад. Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки на танҳо миқдор, балки сифати равған низ муҳим аст. Барои инсонҳо чарбуи ҳайвонот камтар аз 10 фоизи калорияи рӯзона (яъне то 22 грамм) тавсия дода мешавад. Ин чарбуҳо дар гӯшти серравған, маска, панир ва қаймоқ мавҷуданд. Табибон огоҳ менамоянд, ки равғанҳои растанӣ калорияи баланд дошта, истеъмоли аз ҳад зиёди он метавонад боиси фарбеҳӣ шавад. Инчунин истеъмоли бештари равған ба шахсони гирифтори бемории дилу раг тавсия дода намешавад.

Зироати асосии равғандиҳанда кадомҳоянд?

Офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит ва маъсар зироати асосии равғандиҳанда ба шумор мераванд. Дар баъзе давлатҳо аз зайтун, нахл ва какао равған мегиранд. Аз каду, сиёҳдона, чормағз, бодом, донаки зардолу ва ғайра низ равған истеҳсол мекунанд, вале серистеъмол нест.

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, то солҳои чилуми асри гузаш­та мардуми ҷумҳурӣ равғани зағир ва чорво (гову гӯсфанд) истеъмол мекарданд. Баъди зиёд гардидани майдони пахта ва фаровон шудани чигит истеҳсоли равғани пахта низ ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар ҷаҳон равғани пахтаро асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истеъмол мекунанд.

Коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки асосан дар Тоҷикистон панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд.

Чанд фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъминанд?

Таъмини аҳолӣ бо истеҳсолоти ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз аз ҳисоби маҳсулоти равғандиҳанда танҳо аз 28 то 30 фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин асту халос.

Барои пурра қонеъ кардани эҳтиёҷот аҳолӣ ҳар сол ба беш аз 150 ҳазор тонна равған ниёз дорад. Қисми боқимонда аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад. Дар мамлакат беш аз 70 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равған фаъолият мекунанд.

Дар Тоҷикистон барои коркарди зироати равғандиҳанда ва истеҳсоли равғани растанӣ аз давлатҳои хориҷӣ технологияҳои муосир ворид гардидааст. Барои таъмини саноат бо маҳсулоти хом истеҳсоли зироати равғандиҳанда бояд бештар карда шавад.

Таъмини 70 фоизи аҳолӣ бо равғани ватанӣ

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд. Аз ин шумора зироати равғандиҳанда дар 8145 гектар замини обёришуда ва дар 17 917 гектар замини лалмӣ кишт карда мешавад.

Аз ин рӯ олимони соҳаи кишоварзӣ нақша доранд, ки минбаъд бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир то 70 фоизи аҳолиро бо равған таъмин намоянд. Кишти ин зироат аз оғози моҳи май дар заминҳои обӣ гузаронида мешавад. Дар минтақаи вилояти Хатлон кишти ин зироатро аз моҳи апрел то июн, дар минтақаи Ҳисор ва минтақаи Суғд аз 1 то 20 май гузаронидан мумкин аст.

Парвариш ва истеҳсоли зироати равғандиҳандаи зағир, маъсар, офтобпараст, чормағзи заминӣ ва кунҷид аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар буда, аҳолии мамлакатро бо равғани растании истеъмолии ватанӣ ва чорворо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла кунҷораи серғизо таъмин менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2026 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст