Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд

Август 24, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: равишҳои муосир» конфронси байналмилалӣ доир гардид. Дар он аз Тоҷикистон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд, дар конфронс омбудсменҳо, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони беш аз 25 давлат иштирок намуданд.

Конфронс ба баррасии муносибатҳои муосир оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити гузариш ба техналогияҳои рақамӣ, (трансформатсияи рақамӣ) мубодилаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, инчунин мустаҳкамкунии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ равона гардид.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳамияти мустаҳкамкунии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таъмини фарогирии аҳолӣ аз имконияти нави пешрафти технологияи рақамӣ, нақши ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ дар ин равандҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар баробари имконияти нав дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон шаклҳои нави масъулиятро низ ба вуҷуд меорад.

«Гузариш ба технологияҳои рақамӣ барои мо на танҳо навсозии технологӣ, балки масъулият барои таъмини шаъну шарафи инсон дар шароити муосир аст. Имрӯз ҳуқуқи инсон, шарафу эътибори ӯ, маълумоти шахсӣ ва амнияти ӯ бояд на танҳо дар ҳаёти воқеӣ, балки дар фазои онлайнӣ низ бо эътимод ҳифз карда шавад»,–гуфта шуд дар конфронс.

Конфронс дар се ҷаласаи мавзуӣ: таъмини ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар ҷаҳони рақамӣ, ҳифзи занон аз хушунати онлайнӣ ва табъизи рақамӣ; ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон дар шароити трансформатсияи рақамӣ, амният дар интернет, пешгирии кибербуллинг ва ҳифзи маълумоти шахсӣ; рушди хизматрасониҳои рақамии фарогир барои шахсони маъюб, таъмини дастрасии баробар ба иттилоот ва хизматрасониҳои давлатии электронӣ гузаронида шуд.

Дар доираи конфронс Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ инчунин бо омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Сенати Олий Мажлис, Палатаи қонунгузори Олий Мажлис ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзи муассири ҳуқуқу озодиҳои инсон, тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни парлумонҳо, омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин мубодилаи мутақобили таҷриба баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён ислоҳоти дар Узбекистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, таъмини баробарии гендерӣ ва такмили механизмҳои таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон гузаронидашавандаро мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар вохӯриҳо аҳамияти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, идомаи муколамаи касбӣ байни парлумонҳо, омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи мутақобили таҷрибаи пешқадам, инчунин дарёфти муштараки роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт таъкид гардид.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Август 24, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ