Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ: ташаккул ва танзими ҳуқуқӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конференсия олимону муҳаққиқони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокдорон масъалаҳои муҳимтарини имли ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, нақши тарбияи ҳуқуқӣ дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, нақши зеҳни сунъӣ дар ҳуқуқ, рақамикунонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқии истиқлол, масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ, соҳибкорӣ, ҷиноятӣ, байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мубрамро баррасӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






