Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хизмати Абуалӣ ибни Сино дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб ниҳоят бузург буда, ному осори ӯ на танҳо ифтихори миллати тоҷик, балки боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст. Бо шарофати ақлу заковат, донишу истеъдоди фавқулода ва заҳмати шабонарӯзӣ номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб.
Пешвои миллат хотирасон намуданд, ки аз миёни осори арзишманди Ибни Сино китоби машҳури «Қонуни тиб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои илми тиб мебошад. Он машҳуртарин асари тиббӣ дар тамоми таърихи инсоният ба шумор рафта, зиёда аз 600 сол ҳамчун дастури бунёдии таълимӣ дар донишгоҳҳои пешрафтаи олам истифода гардидааст. Бузургиву ҷовидонагии Ибни Сино дар он аст, ки саломатии инсонро арзиши олӣ медонист ва пешгирии бемориро аз табобати он муҳимтар мешуморид.
«Ҳанӯз ҳазор сол пеш Ибни Сино дар бораи аҳаммияти ҳавои тоза, оби босифати нӯшокӣ, ғизои солим, покизагии муҳити зист, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии модару кӯдак андешаҳои муҳимму судманди илмӣ баён кардааст. Ҳоло ин андешаҳо заминаи устувори илми тибби муосир, тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва тибби профилактикиро ташкил медиҳанд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино барои мо боиси ифтихори милливу таърихӣ мебошад. Маҳз ҳамин эҳтирому гиромидошт ба мероси беназири ӯст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Синоро дар муҳимтарин муассисаҳои илмиву таълимии мамлакат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷовидона гардонидааст.
«Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки беш аз ҳашт даҳсола барои мамлакати мо ва кишварҳои дигар ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси тиббӣ омода намудааст, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби илмии ин нобиғаи оламшумули тоҷик мебошад. Имрӯз бо номи ӯ дар пойтахти кишварамон яке аз калонтарин ноҳияҳо ва яке аз зеботарин хиёбонҳо номгузорӣ шудааст. Инчунин дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ва яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр ба номи Абуалӣ ибни Сино сабт шудаанд.
Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳо Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст, ки кормандони он ба омӯзишу тарҷумаи осори Ибни Сино машғул мебошанд»,-иброз намуданд Президенти мамлакат.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар мамлакат Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза дар ду сол як маротиба ба олимону донишмандон барои асарҳои шоиста дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ; биология ва кишоварзӣ; илмҳои тиббиву фарматсевтӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ супорида мешавад.
Имсол бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Он рамзи эҳтироми амиқи мо ба мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин донишмандони миллати тоҷик ва таърихи инсоният мебошад. Ин иқдоми бесобиқа Тоҷикистонро ба маркази муколамаи илми тибби ҷаҳонӣ табдил дода, олимону табибони барҷастаи дунё барои кашфиёту навовариҳо дар соҳаи тиб бо ин ҷоизаи баланд қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






