Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад. Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ин нукта дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб иброз гардидааст.
«Шумо намояндагони касбе мебошед, ки ба умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд»,- афзуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор намуданд, ки рушди босуръати тибби муосир ҳар мутахассисро водор менамояд, ки донишу малакаи кориашро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро азхуд намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад. Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд ҳамеша дар омӯзиш бошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






