ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст

Август 17, 2026 09:58

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таъсис ёфтааст, рабт дорад.

— Имсол ба фаъолияти ин ниҳод 32 сол пур мешавад. Дар ин давра доир ба самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон», «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014» ва баъдан «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2034» ва «Барномаи миёнамуҳлати давлатии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Инчунин аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарраргардида сиёсати давлатиро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода амалӣ намуда, ҳамзамон чорабиниҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, корҳои наҷотдиҳӣ ва таҳкими омодагии сохторҳои дахлдор амалӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 123 ҳодисаи сел, 11 ҳолати бориши шадиди борон, 508 ҳодисаи фаромадани тарма, 4 ҳолати болоравии сатҳи об, 27 ҳодисаи сангрезӣ, 26 заминларза, 10 ҳодисаи фаромадани ярч, 27 ҳолати шамоли сахт, 1 ҳолати раъду барқ ва 4 ҳолати бориши зиёди барф ба қайд гирифта шуд. Дар 28 ҳолат хисороти иқтисодӣ 52 миллиону 827 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ин раванд дар шаш моҳи соли 2026 наҷотдиҳандагони кумита 686 баромади фаврӣ–амалиётӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа 47 шаҳрванд наҷот дода шуд. Ҳамчунин 60 шаҳрванд аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодаро доранд, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.

Имрӯз кумита дорои инфрасохтори муосири маъмурӣ аст, ки инҳо Маркази ҷумҳуриявӣ, таълимию методӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидаи кофтуковӣ ва наҷотдиҳӣ, Маркази милли омодасозии наҷотдиҳандагон, Хадамоти зиддижола, техникаю таҷҳизоти замонавӣ, ситодҳо ва иншооти ёрирасони қисмҳои ҳарбӣ мебошанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи иқтидори кадрии кумита таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои омода намудани кадрҳои касбии баландихтисоси соҳа, хусусан фармондеҳони ҷузъу томҳо ва наҷотдиҳандагон дар дохилу хориҷи мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.

Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода техникаҳои замонавию зарурӣ харида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки дар самти пешгирӣ, коҳиш ва рафъи ҳолатҳои фавқулода босамар фаъолият карда шавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2026 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд