«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Август 25, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. ​Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ–сарчашмаи ифтихори миллӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони Ҳукумати мамлакат, вакилон, шоирону нависандагон ва занону духтарони фаъоли вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи нави халқи тоҷик аст. Ин ҷашни муқаддас соҳибихтиёрии давлат, Ваҳдати миллӣ ва озодии ҳар шаҳрванди мамлакатро таҷассум менамояд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баён дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳамчун рамзи озодӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақияти назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Маҳз дар ин давра барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими ҳуқуқу имконияти занону духтарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пайваста амалӣ карда шуданд.

«Имрӯз занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа – аз хизмати давлатӣ то илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва дигар самтҳо саҳми арзанда гузошта, дар рушди устувори давлат нақши муҳим доранд. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошанд»,–афзуд Зулфия Давлатзода.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ давоми 35 сол дар самти арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан барои таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа таҳаввулоти азим ба вуқуъ пайваст ва занони қавииродаву боҷасорати тоҷик ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,29 дарсади аҳолии мамлакатро ташкил дода, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25,4 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда 16,3 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2006 то соли 2025 45 миллиону 460 ҳазор маблағи грант ба 1 ҳазору 395 нафар занон ҷудо гардида, 6 ҳазору 833 ҷойи кор таъсис дода шудааст, ки ба рушди иқтисодии оилаҳо мусоидат намуд.

Ҳоло 110 ҳазору 530 нафар соҳибкорзанон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат саҳми арзанда мегузоранд.

«Дар 6 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 110 нафар расида, соли 2025 аз 110 зани ихтироъкор 9 нафар бо ихтирооти нодир дар сатҳи байналмилалӣ бо Шоҳҷоиза ва медали тилло, 2 нафар бо медали нуқра ва 3 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд», — изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Масъалаи дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Тазаккур дода шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан занон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳм гузоранд.

Дар охир барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир шуда, ба фаъолзанони вазорату кумитаҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд