Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти мабуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Давлатзода иттилоъ дод.
Баҳодур Давлатзода афзуд, ки ин конфронсро Консерваторияи миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамояд. Ҳамоиши байналмилалӣ дар пайи иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дода буданд, доир мегардад.
Иброз гардид, ки Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар буда, хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надорад. Борбади Марвазӣ ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ӯро чун сароянда, навозанда, мусиқидон, асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи Шарқ мешиносанд ва эътироф мекунанд.
Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон Лутфуллои Шарифзода гуфт, ки натиҷаҳои ин конфронс барои омӯзиш, таҳқиқ ва эҳёи сабки Борбади Марвазӣ аҳамияти муҳим доранд.
«Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон факултети мусиқии суннати тоҷик амал мекунад, ки дар он анъанаҳои класикии мусиқии тоҷик, аз ҷумла шашмақом, фалак ва лаҳнҳои қадимӣ омӯзонида мешаванд», — иброз дошт Лутфуллои Шарифзода.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Ҳамчунин дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбад тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Ёдовар мешавем, ки баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад инчунин яке аз сабкҳо, шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъанаҳои эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дошта, бо номи «марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъанаҳои мусиқии тоҷикон мавҷуд аст. Шахсият ва осори Борбад дар ҳар давру замон чун ромишгари бузург мавриди баррасии аҳли таҳқиқ ва ҳунару адаб қарор гирифтааст.
Олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ иқдоми саривақтӣ аст. Зеро тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»






