«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд

Август 21, 2026 13:44

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Нозирони навраси ҳаракат»–и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байнидавлатии «Нозирони навраси ҳаракат» байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  соҳиби  ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд

Озмун аз 12 то 20 августи соли 2026 дар вилояти Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Наврасони тоҷик дар озмун донишу малака, интизоми баланд ва маҳорати касбӣ нишон дода, Тоҷикистонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.

Ин дастоварди арзанда сатҳи баланди омодагии наврасон ва фаъолияти самараноки масъулони соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро нишон медиҳад.

Дар ин озмуни байналмилалӣ ҷойи аввалро соҳиб шудани дастаи «Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дастоварди муҳим дар самти тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳаракати роҳ ва ҷалби наврасон ба риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ арзёбӣ мегардад.

АКС: Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2026 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд