Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид

Август 17, 2026 20:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шинос шуд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз гардид. Бинои нави таълимӣ барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад. Дар раванди сохтмони муассиса мутахассисони ватанӣ ҷалб гардида, истифодаи масолеҳи хушсифати истеҳсоли дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат маркази хизматрасонии нақлиётиро мавриди истифода қарор дод. Марказ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Дар марказ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба сокинон намудҳои гуногуни хизматрасонии нақлиётӣ пешниҳод карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби бештари соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилае, ки манзили истиқоматиаш бар асари офати табиӣ пурра хароб гардида буд, хонаи нави истиқоматӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ашёи рӯзгор сохташударо тақдим кард.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳамзамон рафти корҳои сохтмонӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Муассисаи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи касбӣ, дониш ва малакаи омӯзгорон нақши муҳим дошта, бунёди он ба таҳкими заминаи таълимию методии соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ таъкид намуд, ки иншооти иҷтимоӣ бояд бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ, талаботи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, барои истифодаи дарозмуддат омода карда шаванд.

Инчунин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор дод. Бинои навбунёд бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои сокинон шароити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази хизматрасонии иншоот барои 20 нафар аз сокинон ҷойҳои кории доимӣ фароҳам оварда шудааст. Мавҷуд будани чунин иншооти муосир ба рушди инфрасохтори шаҳр, беҳтар гардидани симои меъмории он ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоию маишӣ мусоидат менамояд.

Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонию созандагӣ дар бинои Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал овард. Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати корҳои анҷомдодашуда ва раванди иҷрои корҳои боқимонда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ дар фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия нақши муҳим дошта, бояд корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд.

Сарвазири мамлакат инчунин бо рафти корҳои таъмирӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шинос шуд. Гуфта шуд, ки рушди инфрасохтори варзишӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш аҳамияти муҳим дорад.

Сафари кории Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома ёфт. Дар ин ноҳия низ ба рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар деҳаи Доғистон бинои иловагии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 360 хонанда мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамзамон дар деҳоти Саричашма ва Лангардара биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22 ва №36 бунёд гардидаанд. Иншооти нав имконият медиҳанд, ки шумораи ҷойҳои нишаст зиёд гардида, шароити таълим барои хонандагон беҳтар карда шавад.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 17, 2026 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд