ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои мамлакат омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 29 то 31 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






