Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд

Август 15, 2026 17:00

 ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии бостоншиносӣ имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» машварати омӯзишии илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мероси таърихию фарҳангӣ ганҷинаи маънавии миллат буда, дар он таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ҳунар, илму маърифат ва тарзи зиндагии гузаштагони мо таҷассум ёфтааст. Ҳар ёдгории таърихӣ, бозёфти бостонӣ, шаҳристони бостонӣ, қалъа, мақбара, осори меъморӣ ва намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ҷузъи хотираи таърихии миллати тоҷик мебошад.

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии бостоншиносӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифз, омӯзиш, эҳё ва муаррифии мероси пурғановати таърихию фарҳангии мамлакат бо назари амиқ назар намоем.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардид.

Изҳор гардид, ки истиқлолият барои эҳёи худшиносии миллӣ ва бознигарии таърихи миллат имконияти васеъ фароҳам овард.

Дар ин давра масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт. Арзишҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки дар давраҳои гуногун офарида шудаанд, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар қарор гирифтанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории дараҷаи миллӣ, ки боқимондаҳои онҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ аз 17 фоиз зиёд аст, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Эҳёи ёдгориҳои меъморӣ ва маҷмааҳои таърихии тахрибшуда, ки то замони истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буд, оғоз гардидааст. Ҳамчунин дар ин маврид таъсиси осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва китобхонаҳо барои ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани осори бостонӣ, мероси хаттӣ, моддӣ ва ғайримоддии миллӣ инкишоф ва рушд ёфт.

Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш бо «Қасри Ҳоким»-и Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор шинос мешаванд. Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур 11 августи соли 2026 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ëфт. Иншоот дар доираи лоиҳаи навсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимии тоҷикон хизмат мекунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад