Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид

Август 20, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз 30 қонун ва 70 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими самтҳои фаъолияти вазорат таҳия, қабул ва амалӣ гардиданд. Чунин иброз гардид зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд,  дар конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳо иштирок намуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода оид ба дастовардҳои соҳа дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ иброз намуд, ки дар самти рушди бозори меҳнат, тавсеаи шуғли аҳолӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ ва такмили сиёсати давлатии шуғл корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ташаккул ва такмили заминаи ҳуқуқии соҳа мебошад. Дар ин давра Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар санадҳои муҳим қабул гардиданд. Инчунин якчанд  стратегия, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуданд, ки ба рушди шуғли пурмаҳсул, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳунармандӣ, омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидаанд.

Дар конференсия ба масъалаҳои мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи воқеии бозори меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки вазифаи мо гузариш ба модели нави касбомӯзӣ аст, ки ҳадафи он касбомӯзӣ барои шуғли устувор, даромади муносиб ва рушди минбаъдаи касбӣ мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш нақши сиёсати иҷтимоии давлатро дар таъмини сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ, ташаккули шуғли пурмаҳсул дар иқтисоди миллӣ, таъсири омилҳои хориҷӣ ба бозори меҳнат, такмили низоми музди меҳнат, беҳдошт ва ҳифзи меҳнат, инчунин нақши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар таъмини шуғли пурмаҳсул баррасӣ намуданд.

Дар фарҷом бо мақсади тақвияти минбаъдаи шуғли пурмаҳсул тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, таҳияи роҳу усулҳои самараноки рушди шуғли пурмаҳсул дар деҳоти ҷумҳурӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди шуғл дар шароити рақамикунонии бозори меҳнат, такмили механизмҳои таъмини шуғли пурмаҳсул бо назардошти захираҳои инсонӣ ва мутобиқ намудани сиёсати шуғл ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ.

Татбиқи пайгиронаи чунин тадбирҳо метавонад ба рушди бозори меҳнат, баланд гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мусоидат намояд.

 АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд