Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад

Август 31, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки барои боз ҳам такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав чораҷӯйӣ намояд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки таваҷҷуҳи бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон 1 сентябри соли 2024 зимни боздид аз иншооти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва иштирок дар Рӯзи дониш таъкид намуда буданд, ки барои давоми ду сол пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ, адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар фанни таълимӣ бояд тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, аз таҳлилҳо бармеояд, ки оид ба ин супориш якчанд корҳо амалӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, аз оғози соли 2025 то ҳол ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ 9 миллиону 215 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардид. Ҳоло ин раванд идома дорад.

Барои дар соли таҳсили 2026–2027 бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ 40 номгӯй китоби дарсӣ аз озмун гузаштааст. Нашри онҳо давра ба давра анҷом ёфта, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимӣ мешаванд. Яъне, имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар самти норасоии китобҳои дарсӣ мушкилот ба назар намерасад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 31, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд