ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?

Август 16, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки яке аз сабабҳои асосии манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия- ин риоя накардани талаботи қонунгузории ин кишвар мебошад.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои ба қонунгузории Федератсияи Русия воридшуда, мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия метавонанд дар ҳолатҳои муайян нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ қарор дар бораи манъи вуруд қабул намоянд. Аз ҷумла, вуруд метавонад дар ҳолатҳои зерин маҳдуд ё манъ карда шавад:

– агар шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ё будубош дар Русия дар бораи худ ё мақсади сафараш маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад;

– агар шаҳрванди хориҷӣ давоми се сол барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Русия якчанд маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад;

– агар нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ қарор дар бораи ихроҷ ё истирдод қабул шуда бошад;

– агар шаҳрванди хориҷӣ барои содир намудани ҷинояти бадқасдона дар қаламрави Русия ё берун аз он суд шуда бошад;

– агар нисбат ба ӯ қаблан қарор дар бораи манъи будубош ё истиқомат дар Федератсияи Русия қабул шуда бошад;

– агар шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми будубоши қаблӣ дар Русия аз пардохти андоз ё ҷаримаи маъмурӣ саркашӣ карда бошад;

– агар давоми як сол такроран барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ё тартиби фаъолияти меҳнатӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад;

– агар ҳангоми будубоши қаблӣ муҳлати қонунии будубошро дар Федератсияи Русия аз ҳад зиёд карда бошад.

Манъи вуруд – монеа барои гирифтани патент

Шаҳрвандони хориҷие, ки нисбат ба онҳо дар Федератсияи Русия маҳдудияти вуруд амал мекунад, наметавонанд барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) муроҷиат намуда, онро дастрас кунанд.

Аз ин рӯ, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд пеш аз сафар ва давоми будубоши худ дар Русия ба риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ ва фаъолияти меҳнатӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Агар манъи вуруд аллакай қабул шуда бошад, чӣ бояд кард?

Агар шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия қарор дошта бошад ва нисбат ба ӯ қарори манъи вуруд қабул шуда бошад, ӯ бояд талаботи мақомоти дахлдорро риоя намуда, дар муҳлати муқарраргардида қаламрави Русияро тарк кунад.

Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ метавонад боиси татбиқи чораҳои маҷбурии хориҷкунӣ ва минбаъд маҳдуд шудани ҳуқуқи вуруд ба Федератсияи Русия гардад.

Вобаста ба ҳолати мушаххас, муҳлати маҳдудияти вуруд метавонад 3, 5 ё 10 сол бошад. Дар баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ маҳдудият метавонад барои муҳлати хеле дароз ё ҳатто бе муҳлати муайян татбиқ гардад.

Чораҳои пешгирӣ аз маҳдудияти вуруд

Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, бояд қонунгузории давлати будубошро риоя намоянд, муҳлати иҷозатдодашудаи будубошро назорат кунанд, қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратиро сари вақт иҷро намоянд, андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро сари вақт пардохт намоянд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти давлатӣ маълумоти дуруст пешниҳод кунанд.

Риояи қонунҳои кишвари иқомат яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз мушкилоти ҳуқуқӣ, манъи вуруд ва дигар маҳдудияти муҳоҷиратӣ мебошад.

Дар ҳолати ба миён омадани мушкилоти ҳуқуқӣ ё савол вобаста ба вазъи муҳоҷиратӣ шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;

–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;

–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;

–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;

–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ prmstj@mail.ru.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират 

 

 

Август 16, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад