Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд

Август 15, 2026 22:59

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангии сокинони ноҳияи Шуғнон аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ шинос шуда, ба маҳорати ҳунармандон, сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва фарҳанги волои сокинони ноҳияи Шуғнон баҳои баланд доданд. Чунин иқдом дар муаррифии имконияти иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Душанбе имконият ба вуҷуд овард, то дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ гардида, анъанаҳои неки миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва заҳмати созандаи мардуми онҳо бештар тарғиб карда шаванд.

Ноҳияи Шуғнон  27 октябри соли 1932 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфтааст. Маркази ин ноҳия деҳаи Ваҳдат мебошад, ки дар соҳили рӯди Панҷ ва наздикии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Ба андешаи таърихшиносон, номи Шуғнон аз номи қавми бостонии ориёӣ — сакоиҳо гирифта шудааст, ки ҳазорон сол пеш ба ин минтақа омадаанд. Заминҳои ин диёр аз қадим макони зисти мардуми куҳанбуми ориёӣ буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ин минтақа бо фарҳанг ва забони хоси худ машҳур аст.

Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 32 ёдгории таърихиву фарҳангӣ сабт шудааст. Ноҳия дорои манзараҳои беназири табиӣ, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад, ки ҳамасола диққати сайёҳони зиёди дохилию хориҷиро ҷалб мекунанд.

Фарҳанг ва ҳунарҳои мардуми ин ноҳия аз дигар минтақаҳо фарқ мекунанд. Аз ҷониби ҳунармандон ҷӯробҳои рангоранги шуғнонӣ, маҳсулоти намадӣ ва созҳои миллӣ омода ва пешниҳод мегарданд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

 

Август 15, 2026 22:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад