Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд

Август 15, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз рафти амалишавии Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва нақшаи амали он барои солҳои 2024-2026 ҷаласаи корӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои барои давраи то соли 2040 бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани ин соҳа, ки дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, қабул гардидааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияи мазкур Нақшаи амали солҳои 2024-2026 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки стратегия ҳуҷҷате мебошад, ки дурнамои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи соҳаро инъикос намуда, ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани масъалаҳои зерин: рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини рушди устувори кишвар, таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа, ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат нигаронида шудааст.

Амалисозии стратегия бо роҳи таҳия ва қабул гардидани нақшаҳои амал марҳила ба марҳила ба амал бароварда шуда, маблағгузории он дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо, фондҳои башардӯстона ва кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар самти нақшаи  амалисозии стратегия ба масъулини вазорату идора ва кумитаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд