Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Шероз Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги қадимии шаҳр ва ёдгориҳои нодири он шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Раиси шаҳри Шероз Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳамроҳонаш бо Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои таърихии ҳудуди мамнуъгоҳ шинос шуда, ба мероси бойи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Дар идомаи боздид меҳмонон бо таърихи Қасри ҳокими Ҳисор ва нақши он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давраҳои гузашта шинос шуданд. Иброз гардид, ки ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии онҳо ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Ҳисор мебошад.
Ҳайати шаҳри Шероз ҳамчунин аз дӯконҳои ҳунармандӣ боздид намуда, бо маҳсули дасти ҳунармандони маҳаллӣ, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корҳои дастӣ шинос шуданд. Меҳмонон ба маҳорати ҳунармандони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону ҳунармандон ва муаррифии фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим доранд.
Боздиди ҳайати шаҳри Шероз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангиву иқтисодӣ байни ду шаҳри бостонӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши робитаҳои байнишаҳрӣ мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






