Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд

Август 25, 2026 14:57

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода бо ҳайати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия таҳти роҳбарии Ҷилл Сютенс, роҳбари Хадамоти ташрифоти Ҳукумати Фландрия 24 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои фармасевтика, сайёҳӣ, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва дигар самтҳо фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ карда, оид ба имконияти густариши робитаҳои соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.

Ба ҳайати Белгия имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ муаррифӣ гардид. Дар ин замина масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат, воридоти техника ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаҳои мустақим байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Фландрия, ташкили вохӯриҳои корӣ ва B2B, табодули таҷриба, баргузории сафарҳои омӯзишӣ ва иштироки муштарак дар намоишгоҳҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавию байналмилалиро таъкид намуданд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Подшоҳии Белгия солҳои охир рушд ёфта, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконоти мусоид мавҷуд мебошанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни соҳибкорони ду давлат вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2026 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»