САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияи Ховалингро 101 ҳазору 100 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуданд. Аз ин шумора 97 ҳазору 660 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 3440 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг шумораи зиёди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор, Сангтӯда, ёдгориҳои табиии Чилчанор, шаҳри Мунк, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, чашмаи Қазған, чашмаи Сурсақова, Санги Рама, Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара ва Сурсақова воқеъ мебошанд. Ин ёдгориҳо дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ– таърихию фарҳангӣ, кӯҳӣ, экологӣ, зиёратӣ ва истироҳатӣ нақши муҳим доранд.
АМИТ «Ховар» доир ба таҷдид, навсозӣ ва рушди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат маълумот пешниҳод менамояд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик- Султон Увайси Қаранӣ дар мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир мебошад. Соли 2006, дар арафаи 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ бо мақсади ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ пурра навсозӣ карда шуд.
Тавре директори Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ Муродалӣ Раҳмонов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ин мавзеи таърихию фарҳангиро аз рӯзи душанбе то ҷумъа ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ, яъне шанбе ва якшанбе беш аз 800 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат намуда, дар ин макони хушбоду ҳаво истироҳат мекунанд.
«Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат пас аз пурра таҷдид гардидани роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг, ки дар он пулҳои хурду бузург, роҳҳои маҳаллӣ ва қитъаҳои ёрирасон барқарор шудаанд, воридшавии меҳмонону сайёҳон ба мамнуъгоҳ зиёд гардидааст», – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Тибқи иттилои директори мамнуъгоҳ, дар шаш моҳи соли 2026 ба ин макон 13 ҳазору 956 нафар сайёҳони дохилӣ ва 42 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд. Вуруди меҳмонон ба ин макон, аслан, ҳамасола аз моҳи май оғоз мешавад. Танҳо дар моҳи июн беш аз 8 ҳазор сайёҳи дохилӣ бо мақсади зиёрат, сайёҳат ва истироҳат омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8 августи соли 2019, дар ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мамнуъгоҳ меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди истифода қарор дода, ин мавзеи таърихиро зиёрат намуданд.
Меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Он то имрӯз ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонад.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру супоришҳо доданд.
Директори мамнуъгоҳ Муродалӣ Раҳмонов баён дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар панҷ–шаш соли охир дар назди мамнуъгоҳ 5 меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шудааст, ки ҳамарӯза ба меҳмонон хизмат мерасонанд. Ҳаққи хизматрасонӣ дар ин меҳмонхонаҳо гуногун буда, ҳама табақаҳои сайёҳон имкони дар ин меҳмонхонаҳо истоданро доранд.
«Дар мамнуъгоҳ занони ҳунарманди ноҳия нони гандумӣ ва хӯрокҳои миллӣ мепазанд, ки нархҳои дастрас доранд. Шир, чакка, қаймоқ, равғани маскаи тару тозаро низ меҳмонон метавонанд ҳамарӯза харидорӣ намоянд», – афзуд Муродалӣ Раҳмонов.
Инчунин дар назди мамнуъгоҳ бозори хурди ҳунармандӣ ва гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст. Ҳунармандони ноҳия маҳсули дасти худ, аз ҷумла армуғонҳоро бо нақшу нигори миллӣ аз чӯб, гил, ришта, матоъ ва муҳра омода намуда, ба фурӯш мегузоранд. Беш аз 50 намуди гиёҳҳои шифобахш, ки дар талу теппа ва кӯҳҳои ноҳия мерӯянд, ба сайёҳон пешниҳод карда мешаванд.
Дар баробари ин бархе сокинони маҳаллии атрофи мамнуъгоҳ хонаҳои истиқоматии худро ҳамчун меҳмонхона омода намудаанд. Нафароне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба он ҷо мераванд, метавонанд меҳмонхонаеро иҷора гиранд.
Ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, барои ҳифзу нигоҳдории ин ёдгории таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёрату истироҳати сайёҳону меҳмонон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ин замина, роҳҳои мошингард ва роҳҳои дохилии мамнуъгоҳ обод гардида, иншооти хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар мавзеъҳои зарурӣ бунёд ва навсозӣ шудаанд. Ҳамзамон барои боз ҳам ҷолибтар гардидани муҳити атроф ва рушди сайёҳии зиёратӣ дар ин мавзеъ корҳои ободонию созандагӣ мунтазам идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 60 ёдгории таърихӣ, 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 4 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 3 зиёратгоҳ ва 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд мебошанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд






