САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Август 20, 2026 11:33

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боиси сарафрозию хушбахтист, ки 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии ҳамаҷонибаи ватани азизамон истиқбол мегирем. Санаи нуҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Зеро Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихору ватандӯстӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

–Ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни сиюпанҷсолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Вале таҳти роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳою пуштибониҳои ҳамаҷонибаи мардуми мамлакат ҳамаи ин мушкилоту монеаҳо паси сар шуданд.

Замоне, ки мамлакати соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ садсолаҳо гузарад ҳам, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини мамлакат фаромӯш намешавад. Ҳанӯз ҳам таъсири он ваҳшоният дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида мегардад.

Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар мамлакат фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Бузургтарин фоҷиа дар он шабу рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Ҳама аз зинда мондану ба рӯзи нек расидан дасту дил шуста буданд.

Дар чунин шароити фоҷиабор фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи Шурои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатӣ даъват карда шавад.

Дар иҷлосияи тақдирсози Шурои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул карда шуд ва корҳо доир ба таҳияву қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд.

Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва Президенти Тоҷикистон аз ҷониби сокинони мамлакат интихоб карда шуд.

Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми мамлакат дастгирӣ ёфта, қабул карда шуд ва дере нагузашта, таърих дурустии роҳи интихобкардаи давлати моро собит сохт.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 – 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт. Як миллион нафар дар дохилу хориҷи мамлакат номи гурезаро гирифт, 150 ҳазор нафар дар ин даргириҳои бемаънӣ кушта шуд, ки ин талафоти ҷуброннопазир аст. Дар ҳамин гуна шароити вазнин, бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди молиявию иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат ба андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рафъи мушкилоти он рӯзҳо оғоз намуд.

Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, барои барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.

Дар ин раванд таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи саноат ба сифати яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳими даромади буҷети давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътироф шуда, саноатикунонии босуръат ҳадафи навбатӣ эълон гардид. Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд. Агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас он соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат андешида имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.

Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави кор ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, иқтидори содиротии мамлакатро баланд мебардорад, ҳама тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳама тадбирҳои заруриро андешид ва бо ҳамин роҳ ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардид.

Муваффақ шудани давлат ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад.

Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои гуфташуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба масофаи умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб–Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зиддитармавӣ ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд.

Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар мамлакат аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба масофаи 920 метр ва 3 пули мошингузар ба масофаи 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ва таъмиру таҷдиди садҳо километр роҳҳои маҳаллӣ ва дохили шаҳру ноҳияҳо анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт минбаъд низ идома дода мешаванд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне робитаи заминии байни ҳама минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.

Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардид. Аз ҷумла, соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

Дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсолӣ якчанд лоиҳаи муҳими дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.

Сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон ба иқтисоди мамлакат фоидаи зиёд меорад.

Инчунин моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлоли энергетикии Тоҷикистон таъмин мегардад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ дар таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» давлати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.

Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра аз рӯйи ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Зеро 96 фоизи неруи барқ дар мамлакати мо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегардад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳама захираву имконият равона карда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди илми ватанӣ, хусусан, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо назардошти он ки рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кард, ки ҳоло амалисозии чорабиниҳои он идома дорад.

Ҳамчунин бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» эълон карда шуд, ки ҳамасола баргузор мегардад.

Бо амалӣ намудани ин иқдомот пешрафти илм, ташаккули тафаккури илмиву техникии муосир, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ дар байни наврасону ҷавонон ва ихтироъкориву навоварӣ такони ҷиддӣ пайдо карда, ин раванд ба пешрафти ояндаи Тоҷикистон ва табдил ёфтани он ба давлати саноативу аграрӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Зеро ояндаро бе технологияҳои пешрафтаи коммуникатсиониву рақамӣ тасаввур кардан аз имкон берун мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо иброз намудаанд, ки «дар ҳазораи нав, яъне дар асри пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо давлатро бо низоми асримиёнагӣ ва хурофоту тафаккури ақибмонда обод кардан ғайриимкон аст».

Баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз гардид.

Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне давоми таърихи беш аз 6000–сола соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.

Ин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуданд.

Ҷашни 1100–солагии давлатдории Сомониён, 2700–солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150–солагии Устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000– солагии Носири Хусрав, 800–солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 700–солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700–солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700–солагии шаҳри Кӯлоб, 2500–солагии шаҳри Истаравшан, 3000–солагии маданияти Ҳисор, 5500–солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар ин раванд мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардид.

Бо саъю талош ва заҳмату кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000–сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.

Дар ин давра барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар натиҷа «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Театри миллӣ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Иқдоми муҳиме, ки дар ин росто амалӣ гардид, бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар оилаи мамлакат ройгон дастрас намудани асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ду ҷилд мебошад.

Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басе пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

Бо боварӣ ва дилпурона метавон иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда Тоҷикистонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем ва нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Муҳаммадшариф БОБОШОҲЗОДА,
корманди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2026 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегирад
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид