Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид

Сентябрь 30, 2026 17:45

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз  Мирзозода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар се расонаи маъруфи мисрӣ нашр шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср  хабар доданд, мусоҳибаро муовини раиси Иттифоқи журналистони Африқо ва Осиё, журналисти мисрӣ доктор Рифъат Абдуссамеъ анҷом додааст. Он дар нашрияҳои электронии «Аззамир» (минбари Шурои олии журналистон ва расонаҳои мисрӣ), «Алмунтасаф» ва «Ал-авсатул оламия» нашр шуда, ҳамзамон чанд расонаи дигар онро бознашр намудаанд.

Дар мусоҳиба роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои муҳим  ва нақшофариҳо дар арсаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин нақшаву барномаҳои ояндаи кишвари мо дар самти сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ба таври муфассал баррасӣ шудаанд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср 

 

 

 

 

Сентябрь 30, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд