«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад

Август 16, 2026 14:15

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза, ки ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ метавонанд ногаҳон рух диҳанд, доштани иттилои дуруст ва саривақтӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ҷони инсон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, омодагӣ ва бехатарии аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барномаи мобилии «SOS» таҳия карда шудааст. Ин чӣ гуна барнома аст ва дар кадом ҳолат аз ин барнома бояд истифода бурд? АМИТ «Ховар» доир ба замимаи мобилии «SOS» ба шумо маълумоти муфассал пешниҳод менамояд

«SOS»–воситаи муосири дастрас намудани маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода

Ин барнома ҳамчун воситаи муосири дастрас намудани маълумоти зарурӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, қоидаҳои рафтори бехатар ва роҳҳои дурусти вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст, ки чанд сол аст мавриди амал қарор дорад.

Барнома метавонад барои доираи васеи истифодабарандагон, новобаста ба синну сол муфид бошад. Маводи он бо забони сода ва фаҳмо таҳия гардида, ба корбар имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ маълумоти заруриро дар бораи тарзи рафтор ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулода пайдо намояд. Истифодабаранда метавонад пешакӣ бо қоидаҳои бехатарӣ шинос шуда, дар ҳолати зарурӣ маълумоти лозимиро зуд пайдо намояд.

Дар барнома маводи омӯзишӣ, маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ ҷой дода шудаанд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳолатҳои фавқулода таҳия гардидаанд.

Яке аз имкониятҳои барнома ин огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии обу ҳаво мебошад. Чунин имконият метавонад дар баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва коҳиш додани таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Барномаи «SOS» метавонад барои шаҳрвандон ҳамчун манбаи ягонаи дастрас барои омӯзиши қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои фавқулода хизмат кунад.

Аз офатҳои табиӣ то садамаҳои техногенӣ

Ҳолатҳои фавқулода метавонанд ҳар лаҳза ва дар шаклҳои гуногун рух диҳанд. Баъзе аз онҳо хусусияти табиӣ дошта, дар натиҷаи равандҳои табиӣ ба амал меоянд, гурӯҳи дигар ба фаъолияти инсон, корношоямии таҷҳизот, садамаҳо ва дигар омилҳои техногенӣ алоқаманд мебошанд. Новобаста аз хусусияти онҳо чунин ҳолатҳо метавонанд ба ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, инфрасохтор ва фаъолияти муътадили ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонанд.

Дар чунин вазъият омодагии пешакӣ, донистани қоидаҳои бехатарӣ ва қабули қарорҳои дурусту саривақтӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро дар бисёр ҳолатҳои фавқулода инсон барои андешидани тадбирҳои зарурӣ вақти хеле кам дорад.

Ҳолати фавқулода вазъияте мебошад, ки дар натиҷаи офат, садама, ҳодисаи хатарнок ё дигар омилҳо ба вуҷуд омада, метавонад ба ҳаёт ва саломатии одамон, муҳити зист ва фаъолияти муътадили ҷомеа таҳдид намояд.

Ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ

Ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ заминларза, сел, обхезӣ, ярч, тарма, шамоли сахт, боронҳои шадид, раъду барқ, хушксолӣ ва дигар зуҳуроти хатарноки табиӣ дохил мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакат кӯҳсор нисбат ба якчанд хатари табиӣ, аз ҷумла заминларза, сел, ярч ва тарма осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба чунин ҳодисаҳо яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти шаҳрвандон ба шумор меравад.

Ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ

Ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ бо фаъолияти инсон ва истифодаи техника, технология, воситаҳои нақлиёт, иншооти истеҳсолӣ ва энергетикӣ алоқаманд мебошанд.

Ба чунин ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ, сӯхтор, таркиш, садамаҳо дар корхонаҳо, иншооти энергетикӣ ва коммуналӣ, садамаҳои вобаста ба газ ва дигар моддаҳои хатарнок дохил мешаванд.

Муҳимияти донистани қоидаҳои бехатарӣ

Дар бисёр ҳолатҳои фавқулода на танҳо худи офат ё садама, балки надонистани қоидаҳои рафтор метавонад оқибатҳои вазнин дошта бошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванд бояд ҳадди ақал қоидаҳои одии рафтор ҳангоми заминларза, сел, сӯхтор, садамаи нақлиётӣ, ғарқшавӣ, шамоли сахт ва дигар ҳолатҳои хатарнокро донад.

Барномаи мобилии «SOS» маҳз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омодагии аҳолӣ ба чунин вазъият таҳия шудааст.

Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода бояд пеш аз рух додани онҳо оғоз гардад. Донистани манбаи хатар, риояи қоидаҳои бехатарӣ, доштани захираи зарурӣ дар хона ва истифодаи дурусти воситаҳои иттилоотӣ метавонад ба ҳар шаҳрванд барои ҳифзи ҷони худ ва наздиконаш дар вазъияти душвор кумак расонад. Аз ин рӯ, истифодаи барномаи мобилии «SOS» аз манфиат холӣ нест.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 16, 2026 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»