«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд

Август 17, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби собиқадорон ва фаъолзанон гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таъсис дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии гурӯҳ муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус пешрафтҳои занону духтарон дар соҳаҳои гуногун, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа мебошад.

Аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар доираи сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сокинон, занону духтарон, зиёиён, фаъолони ҷомеа ва аҳли дин вохӯрӣ анҷом дода, оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила ва тарбияи насли наврас суҳбатҳо баргузор намуданд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти гурӯҳ шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳу корхонаҳое буд, бо ташаббуси занон таъсис ёфта, барои занону духтарон ҷойи кор ва имконияти соҳибкасб шудан фароҳам меоранд. Ҳамзамон бо усули «деҳа ба деҳа» ва «маҳалла ба маҳалла» чорабиниҳои маърифатӣ баргузор шуда, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби занону духтарон ба фаъолияти меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ноҳияи Файзобод аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо сокинон вохӯрӣ намуда, дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши занон дар рушди ҷомеа андешаронӣ карданд. Ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби маъданӣ» шинос шуданд. Дар доираи сафари гурӯҳ дар ноҳия бо усули «деҳа ба деҳа» низ чорабиниҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ вохӯрии гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими оила, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки занон дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа нақши муҳим доранд.

Гурӯҳи тарғиботӣ–ташвиқотӣ бо фаъолияти коргоҳи қаннодии «Хонум Эклэр» шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ бо ташаббуси хоҳарон Нурхон ва Раҳима Мирзоҷонова моҳи майи соли 2026 дар заминаи даврҳои омӯзишии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин коргоҳ 20 нафар занону духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунари қаннодӣ ҷалб гардида, тарзи омода намудани навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ ва усулҳои дурусти захира ва нигоҳдории меваю маҳсулоти ғизоиро омӯхтанд.

Фаъолияти «Хонум Эклэр» намунаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии шуғли занон дар деҳот арзёбӣ гардид. Таъсиси чунин коргоҳҳо ба фароҳам овардани ҷойи нави кор, соҳибкасб шудани занону духтарон ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд.

Аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» инчунин бо фаъолияти корхонаи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарҷамъ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд. Бо усули «деҳа ба деҳа» чорабинии маърифатӣ низ баргузор гардид.

Аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар ноҳияи Шаҳринав бо сокинон, зиёиён ва аҳли дин вохӯрӣ намуданд. Иброз гардид, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аҳамияти муҳим дорад.

Занон ва оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони солим ва соҳибмаърифат ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон ва таҳкими мақоми оила аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.

Дар ин ноҳия аъзои гурӯҳи тарғиботӣ–ташвиқотӣ бо Маркази дӯзандагии «Дилсӯз», ки барои шахсони маъюб ташкил шудааст, шинос гардиданд.

Марказ барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби маъюбон ба фаъолияти меҳнатӣ имконият фароҳам меорад.

Роҳбари марказ ҳамчун гирандаи гранти президентӣ дар самти фароҳам овардани имконияти нави корӣ ва дастгирии иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд фаъолияти назаррас дорад. Дастгирии чунин ташаббусҳо метавонад ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва фароҳам овардани имконияти баробар барои қишрҳои гуногуни ҷомеа мусоидат намояд.

Ҳамзамон аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар ноҳияи Шаҳринав кошонаи ҳусни «Мушаррафа»-ро ифтитоҳ намуданд. Таъсиси чунин марказҳои хизматрасонӣ ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи иштироки занон дар ҳаёти иқтисодии ҷомеа мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки таъсиси гурӯҳи тарғиботӣ–ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба дастовардҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин муаррифии саҳми занон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи муносиб фароҳам меорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ