Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд

Август 17, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардид, дар шакли видеоконфронс баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод иштирок намуда, лоиҳаи созишномаро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои марбут ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳои фаъолияти Шуро ва самтҳои ҳамкории давлатҳои аъзо зоҳир карда шуд.

Иштирокчиён ҷонибдории худро аз таъсиси Шуро иброз намуда, аҳамияти онро дар таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, баланд бардоштани самаранокии иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор таъкид карданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид