Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Август 24, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хабаровск аз ҷониби Ҷамъияти тоҷикони Хабаровск бо иштироки васеи ҳамватанон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ин чорабинӣ фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамватанони муқими минтақа ҷамъ омада, аз нақши истиқлол дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихии даврони навин ба ҳисоб рафта, заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овардааст.

Иштирокдорони чорабинӣ иброз доштанд, ки тоҷикони муқими Хабаровск бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд фарҳангу забон ва суннатҳои неки ниёгонро ҳифз намуда, дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо саҳм гузоранд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо дар хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, бозгӯи пайванди устувори ҳамватанон бо Ватан ва арҷгузории онҳо ба дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 24, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд