«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкории байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Маҷмааи мероси ҷаҳонии Кохи Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон 25 августи соли 2026 таҳти унвони «Як мерос, ду сарзамин» намоишгоҳи муштараки маҷозии кундалнигории тоҷик ва кошикории эронӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 25 намунаи беҳтарини ҳунари кундалнигории тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ин осор дар солҳои гуногун аз ҷониби ҳунармандони маъруфи тоҷик- Мирзораҳмат Олимов, Раҳим Аҳмадов, Кароматулло Ғаюров, Юсуф Раупов, Маҳмадкарим Рақибов, Тошпӯлод Ҳайитов, Раҳим Абдураҳмонов, Аюб Бурҳонов, Анваршо Сайфуддинов, Меҳрона Умарова, Шавкат Хуҷаяров, Беҳрӯз Боймуродов, Муҳаммад Ҳикматзода ва дигар устодони ин ҳунар офарида шудаанд. Осори мазкур бо сифати баланди аксбардорӣ омода гардида, дар намоишгоҳи маҷозӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.
Кундалнигорӣ яке аз навъҳои қадимӣ ва нодири санъати наққошии анъанавии тоҷик буда, ба андешаи муҳаққиқон, давраи пайдоиш, рушд ва ташаккули ин навъи санъат ба асрҳои XV–XVI рост меояд. Дар заминаи кундалнигорӣ бештар тасвирҳои наботӣ, ҳандасӣ, ислимӣ ва нақшҳои зооморфӣ истифода мешаванд. Заминаи асарҳо асосан кабуд ё осмонӣ буда, дар баъзе мавридҳо бо ранги зарандуд оро дода мешаванд.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ ҳунари кошикории Кохи Гулистон муаррифӣ мегардад, ки бозгӯкунандаи яке аз марҳилаҳои муҳимми рушди санъати ороишии Эрон мебошад. Кошиҳои ҳафтранг, муаррақ ва маъқалии Кохи Гулистон на танҳо арзиши баланди ороишӣ доранд, балки ҳамчун сарчашмаҳои муҳимми тасвирӣ таҳаввулоти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии даврони Қоҷорро инъикос менамоянд. Нақшу нигор, тасвирҳои гулу гиёҳ, саҳнаҳои дарборӣ ва дигар унсурҳои ороишии ин кошиҳо пайванди анъанаҳои бостонии ҳунари эронӣ ва равандҳои нави рушди санъатро бозгӯйӣ мекунанд.
Намоишгоҳи мазкур ба таври маҷозии себуъдӣ (3D) дар сомонаи махсуси Кохи Гулистон пешниҳод гардида, дар муддати як моҳ барои боздиди дӯстдорони фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳо дастрас хоҳад буд.
Намоишгоҳи «Як мерос, ду сарзамин» ҳамчун иқдоми фарҳангӣ ба муаррифии осори арзишманди ҳунари тоҷикӣ ва эронӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ равона шудааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






