Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Мудири кулли Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ Рашид Ал-Бадр мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, зерсохторӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва дигар самтҳои авлавиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир гардид.
Ҷонибҳо инчунин оид ба имконоти густариши ҳамкории мутақобили судманд, тарҳрезии лоиҳаҳои нави рушд ва идомаи робитаҳои корӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими беш аз пеши ҳамкории Тоҷикистон ва Сандуқи кувайтӣ барои рушд дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






